Рӯзи 9 декабри соли 2025 дар Душанбе дуюмин Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданхои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки ин чорабинии бузурги байналмилалии соҳавие мебошад, ки таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти дахлдори давлатй ва ширкатҳои пешбари саноатӣ ташкил карда мешавад.
Форум барои муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва тақвияти иқтидори сармоягузории соҳа ихтисос ёфтааст. Ин чорабинӣ ҳамчун платформаи калидӣ барои намояндагони бахши давлатӣ, тиҷорати хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ барои муҳокимаи вазъи кунунй ва дурнамои рушди саноати кўҳкории кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин мақсад аз баргузории форум муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, намоиши доираи васеи захираҳои мавҷуда, аз ҷумла металлҳои ранга ва маъданҳои муҳим ва муайян кардани лоиҳаҳо ва имкониятҳои сармоягузорӣ мебошад.
Дар доираи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳо ва вохӯриҳои В2В ва машваратҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак баргузор хоҳанд шуд. Чорабинии мазкур барои муколамаи мустақим байни намояндагони тиҷорат, сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, ба корҳои омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи маъдан суръат хохад бахшид.
Интизор меравад, ки беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 иштироккунандагони хориҷӣ, аз ҷумла сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ, иштирок хоҳанд кард.
Форум дар Маҷмааи маҷлисгоҳи муосири меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe баргузор мешавад.
