З октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври ёздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Австрия таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини мудири кулл дар умури сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Герҳард Зайллер баргузор гардидааст.
Ба иттилои сомонаи ВКХ дар машваратҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, сайёҳӣ, амният инчунин роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар соҳаи манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир мубодилаи афкори созанда сурат гирифт.
Ҳамчунин, мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҳайатҳо қарор дошт.
Тарафҳо рағбати худро ба густариши бештари муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимом таъкид доштанд.