Ҳамасола 3-уми декабр рӯзи байналмилалии маъюбон дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи иттилои СММ, 16%-и аҳолии ҷаҳон дорои ягон намуди маъюбӣ мебошанд. Ин беш аз 1,3 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Аксарияти ин одамон дар кишварҳои рӯ ба инкишоф зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумоти СММ шахсони маъюб то ҳол аз сабаби монеаҳои зиёд барои дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии босифат мубориза мебаранд.
“Хизматрасонии тиббӣ ва нақлиёти дастрас монеаҳои асосӣ боқӣ мемонанд. Беш аз нисфи шахсони маъюб бо мушкилоти молиявӣ рӯбарӯ мешаванд. Дастрасии нобаробар ба муассисаҳои тиббӣ, набудани пандусҳо, зинапояҳо, таҷҳизоти кӯҳна ва набудани таваққуфгоҳи дастрас ҳаёти шахсони имконияташон маъюбро душвор мегардонад”, — омадааст дар изҳороти СММ.
Имсол, дар Саммити ҷаҳонии маъюбон дар Берлин, эъломияе қабул карда шуд, ки дар он 90 кишвар ӯҳдадор шуданд, ки ҳадди аққал 15%-и лоиҳаҳои рушдро — аз инфрасохтор то лоиҳаҳои иҷтимоӣ — барои дастгирии фарогирии шахсони маъюб равона кунанд.
