Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд.
Тавре Вазорати молия хабар додааст, созишномаҳо 4 декабр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, маблағи онҳо 43 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумӣ 28 миллион евро маблағҳои қарзӣ ва 15 миллион евро маблағҳои грантии Фонди сармоягузории Осиё-Уқёнуси Ороми Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат ба навсозии инфрасохтори ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шабакаҳои тақсимоти неруи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.
Созишномаҳоро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расониданд.
