Кишти пиёзу картошка дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон идома меёбад

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пиёзу картошка идома дошта, ҳосили то он оғози фасли баҳор ҷамъоварӣ мегардад.

Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, тибқи нақша дар нуҳ ҳазор гектар пиёз ва дар ҳашт ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад.

Дар ноҳияи Дӯстӣ дар 23 гектар дар зери плёнка картошка кишт карда шудааст, ки ҳосили он то моҳи апрел ҷамъоварӣ карда мешавад. Ин таҷриба соли дуюм аст, ки амалӣ мегардад.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар кишти тирамоҳӣ ва аввали фасли зимистон замин бояд ба воситаи механизмҳо коркард карда шавад. Дар як гектар замин то 30-40 тонна поруи пӯсида ва 70 фоиз миқдори зарурии нуриҳои фосфорӣ    ва калийдорро андохтан зарур аст. Пас аз ин дар чуқурии 28-30 сентиметр шудгор гузаронида шуда, картошка ба воситаи механизмҳо шинонида мешавад. Болои қаторҳои картошкае, ки дар ин мавсим шинонида мешавад, бояд бо поруи пӯсида пӯшонида шавад.

Иқлими вилояти Хатлон барои кишту парвариши ин ду маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мутобиқ буда, ҳамасола кишоварзон ҳосили хуб ба даст меоранд. Ҳамзамон бозорҳои дохилию берун аз вилоятро бо маҳсулоти хушсифати пиёзу картошка таъмин менамоянд.