ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ НАҚШАИ ДАЪВАТ 105% ТАЪМИН ШУД

Ноҳияи Носири Хусрав ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро ба пуррагӣ иҷро намуданд.

Рӯзи даъватшванда дар ноҳияи Носири Хусрав бо шукуҳи хосса баргузор гашт. Хурсандибахш аст, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур дар рӯзаи аввали даъват 105 фисад таъмин гашт, ки ҳамагон ихтиёриён мебошанд ва ин аз раванди бонизоми корҳои таблиғотӣ-ташвиқотии масъулон ва фаъолмандии сокинони ин ноҳия мебошад. Чуноне шоҳид ҳастем ноҳияи Носири Хусрав дар инҷрои нақшави даъвати ҷавонон ҳамасола пешсаф мебошад, ки дар ин ҷода саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия назаррас мебошад.

Чуноне мушоҳида кардем, ҷавонони сафарбаршаванда хеле руҳияи болида дошта, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро шараф медонанд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати иҷрои ин маъракаи сиёсӣ фаъоланд ва иҷрои саривақтии нақшаи даъват далели гуфтаҳои боло аст.
Чуноне аз раванди баргузории маъракаи даъват мушоҳида намудем, ҷавонони ноҳияи Носири Хусрав мафҳуми ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи марзу буми ватандориро хеле хуб медонанд. Ватан, модар, марзи муқаддас, хоки поки Ватан, давлату миллат барои онҳо боарзиштарин муқаддасот мебошад.