Имрӯз дар ноҳияи Деваштич маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Ашурали Чалилзода дар назди иштирокдорон баромад намуда, аз иқдоми ихтиёриён изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон қайд намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст ва барои тарбияи чунин ҷавонони шуҷову ватандӯсти имрӯза ба волидонашон миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро изҳор намуд.
Инчунин аз номи афсароне, ки айни ҳол дар хизмати ҳарбӣ қарор доранд Сӯҳроб Турдиев баромад намуда, аз шароити мусоид дар хизмати ҳарбӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон изҳори назар намуданд.
Аз номи волидон Нодиров Абдулло баромад ва ба даъватшавандагон дуои нек намуд. Дар гусели рӯзи аввали ҷавонон ҷамоати деҳоти Яхтан нақшаро иҷро ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва ҷамоатҳои Газантараку Росровут ҷавонони ихтиёри зиёд аст.
Дар охир барои даъватшавандагон туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳияи Деваштич супорида шуд.