Фардо Чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷудо дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад, ки он то 6-уми октябр идома хоҳад кард.
То оғози чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ як рӯз боқӣ мондааст. То ҳол ҷудокорони 67 давлати 5 қитъаи дунё аз қабили Фаронса, Полша, Руминия, Чин, Бразилия ва дигар кишварҳо тариқи хатсайрҳои гуногун ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Варзишгаронро намояндагони федератсия ҷудои Тоҷикистон пазируфта, дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе ва осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” ҷойгир карданд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон аввалин маротиба дар шаҳри Душанбе сурат гирифта фардо 2-юми октябр оғоз гардида, то 6-уми моҳи ҷорӣ давом мекунад.
Дар мусобиқа 539 варзишгар аз қабили 292 мард ва 247 бону аз 67 давлати дунё иштирок мекунанд.
Рақобатҳо дар 14 вазн – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат меирад.
Имсол маротибаи дуюм аст, ки шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилаии Ҷудо мегардад. Қаблан моҳи майи имсол Душанбе мусобиқаи Тоскулоҳи Бузург ё худ “Grand Slam Dushanbe – 2024”-ро низ мизбонӣ карда буд.