ЭЪЛОН: Дар Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад

 

13 ноябр дар саҳни бинои Муасисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ-16 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. Ярмаркаи мазкур аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷогӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  иттилоъ доданд, дар ярмарка роҳбарон ва шуъбаҳои кадрҳои ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидорие, ки барои фиристодан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, даъват карда мешаванд.

Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан дар  Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» ва дигар марказҳои таълимии назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат дода мешавад.

Оғози ярмарка соати 9:00.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *