Президенти Украина баъди сироят ба COVID-19 бистарӣ шуд.

 

Президенти Украина Владимир Зеленский ва раҳбари дастгоҳаш Андрей Ермак барои табобат аз COVID-19 дар бемористони давлатии  “Феофания” бистарӣ карда шудаанд.

Дар ин бора нашрияи “Украинская правда” хабар дода навиштааст, ки Зеленский и Ермак рӯзи 9 ноябр эълом карданд, ба  вируси COVID-19 сироят ёфтаанд.  Ба навиштаи ин манба президенти Украина кори худро аз утоқи бемористон идома дода, бо хати вижаи алоқа таъмин карда шудааст.

Нашрияи мазкур афзудааст, ки президент Зеленский реҷаи карантинро риоя карда, бо наздикони худ низ танҳо бо телефон сӯҳбат мекунад. Бояд гуфт, ки  ҳамсари президенти Украина Елена Зеленская дар моҳи июн мубталои вируси COVID-19 шуда, баъди табобат шифо ёфт.

Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Украина аз рӯзи 11 ноябр маҳдудиятҳои нави вобаста пандемияи COVID-19-ро ҷорӣ кард, аз ҷумла баргузории ҷамъомадҳои умумӣ  бо зиёда аз 20 нафар ва фаъолияти марказҳои тафреҳӣ манъ шуда, рӯзҳои якшанбе карантини умумӣ ҷорӣ мешавад.

Тибқи охирин омор аз рӯзи 12 ноябр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Украина ба 500 865 нафар расидааст, ки аз ин миён 9 145  тан вафот карда,  227 694  аз бемории COVID-19  шифо ёфтаанд.

Зиёратшои Аҳмадшоҳ

Радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *