АСТРОНОМҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР СОЧИ СЕ МЕДАЛИ ОЛИМПӢ БА ДАСТ ОВАРДАНД

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ба майдони Олимпиадаи ҷаҳонии астрономия – 2024 (OWAO-2024) баргузор гардид. Ин Олимпиадаи сатҳи баланд аз 16 то 22 сентябр идома ёфт. Дар он 102 нафар хонандагони болаёқатро аз 20 кишвари ҷаҳон ба ҳам овард.

Ба иттилои Вазорати маориф ва имл дар ин сабқати илмӣ дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз се нафар хонандагони боистеъдоди Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иборат аст, на танҳо ширкат варзид, балки се медали олимпӣ ба даст овардааст:

– Абдуҳамидова Сайида – медали нуқра;

– Салимов Ҳусанҷон – медали нуқра;

– Ҳусейни Ғуломзода – медали биринҷӣ.

Ин дастоварди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон далели боризи сатҳи баланди омодагии хонандагони тоҷик ва майлу рағбати беинтиҳои онҳо ба тадқиқоти илмӣ мебошад, ки бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар ба даст омад.