Дирӯз дар меҳмонхонаи Ҳаят ренҷенсии (Hayat Reference) шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивал ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор гардид.
Дар фестивал ҳунармандону тарроҳон аз саросари кишвар иштирок ҷамъ омада, ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.
Дар оғози фестивал муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда, иброз намуд, ки имрӯзҳо дар кишварамон 70 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол гардида, дар чорабинию фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як шоҳкории нодири инсонӣ шинохта ва пазируфта шудааст.
Дар идома калесия либосҳои тарроҳон намоиш дода шуд. Шамсия Асланшоева ҳунарманд аз ВМКБ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки имрӯзҳо дар баробари сокинон таваҷҷӯҳи сайёҳон низ нисбат ба куртаҳои милииамон зиёд гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки фестивали атласу адрас соли сеюм аст, ки дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) баргузор гардида, ҳадафи асосии он густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ ва рушди соҳаи саноати сабук мебошад. Малика Ёрбобоева мушовир оид ба саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар фестивал на танҳо ҳунармандону тарроҳони дохили кишвар, инчунин хориҷӣ низ иштирок доранд ва нисбат ба матоъҳои миллии мо таваҷҷӯҳи хоса доранд.
Дар фарҷоми фестивал беҳтаринҳо бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои зинда намудани ҳунарҳои мардумӣ ва тарғиби онҳо дар байни ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”