Имрӯз ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили шеъру сухан баргузор гардид.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло маҳфилро ҳусни оғоз бахшид ва гардонандагии онро бар ӯҳда дошт.
Адибони маъруфи кишвар Гулрухсор, Рустам Ваҳҳобзода, Аскар Ҳаким, Ҳасан Султон, Хайрандеш ва дигарон дар ин маҳфил дар бораи вижагиҳои осори Рӯдакӣ сухан гуфтанду шеърҳои тозаи хешро қироат намуданд.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир дар бораи таърихи таҳияи намоиши «Рӯдакӣ» дар театри тоҷик суханронӣ карда, порае аз намоишномаи мазкурро иҷро намуд.