Зарфи 16 соли охир дар Тоҷикистон 4232 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд ва ҳаҷми зарари расида беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумори офатҳои табиӣ 2,3 баробар ва ҳаҷми зарари расида аз ин офот 1,2 баробар афзуд. Дар ин офот 411 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар нишасти нуҳуми вазирони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори назар намудааст.
Ин ҳамоиш рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи идораи хатари офатҳои табиӣ аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвари мо ширкат намуда буданд.