Муҳити орому осудаи ҳар як ҳона аз зан — модар вобаста аст. Мард набояд занро зери ҳушунат ва зӯроварӣ, дар муҳити тарсу ҳарос қарор бидиҳад. Баръакс ӯ бояд ҳамеша ҳимоятгари зану фарзанд бошад.
Оила муқаддас аст. Инсоният бояд ба қадри оилаву оиладорӣ бирасад. Чун бидуни оилаи солиму бофарҳанг ҷомеаи мутамаддинро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яке аз сабабҳои дигаре, ки парокандагии оилаҳоро ба вуҷуд меорад, зӯроварӣ нисбат ба занону модарон мебошад.
«Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва амалӣ намудани Нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пайваста дар Маркази ҳудшиносии бонувон бахшида ба «Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ» дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ — кафили оилаи солим» оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила чорабиниҳо ва мизҳои мудаввар ташкил ва гузаронида мешавад»- гуфт Сайрам Каримӣ, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» дар шаҳри Душанбе.
Ӯ иброз дошт, ки тайи 14 сол мешавад муассиса ҳамчун як муассисаи маркази ҳуқуқиву равонӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҳолатҳои ҳуқуқиву равонӣ ба занҳое, ки зери ҳушунати хонаводагӣ қарор мегиранд, бо кормандони соҳибтаҷриба ба занони зери хушунати хонаводагӣ қароргирифта кӯмак мерасонанд. Хушбахтии ҳар яки мо аз худи хонавода оғоз меёбад. Мутаассифона ҷудошавии оилаҳо дар сатҳи баланд қарор дорад. Ӯ ақида дорад, ки фарҳанги оиладории мо бояд баланд бардошта шавад, нисбат ба зиндагии суннатии хонаводагӣ муқаддасоту эҳтироми зану шавҳар, эҳтироми келину хушдоман нисбат ба ҳамдигар дар муҳити хонавода. Зиндагии хонаводагӣ фақат дар асоси меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмии зану шавҳар мешавад. Дар ягон гӯшаи дунё ба монанди занони тоҷик нест, чунки бо вуҷуди тамоми мушкилот хонаводаи шавҳарро эҳтиром мекунанд. Вале нобаста аз ин боз ҳам ин қадар ҳушунат нисбат ба келини хонавода ба назар мерасад. Ба ақидаи ӯ баъзан модарон духаронро ҳаматарфа ба ҳаёти оиладорӣ омода мекунанд, аммо писаронро на. «Вазифаи аввалини мард нигоҳубини хонавода ва ҳимояи зану фарзанд аст»— таъкид кард Сайрам Каримӣ.
Аз ҷониби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 10 уми марти соли 2013 ба имзо расид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд. Мақсад аз таҳияи ин қонун пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар ҷомеа мебошад.
Омилҳои сар задании низоъ, зери лату кўб ва хушунат қарор гирифтани занон зиёданд. Меҳру муҳаббат дар аксар хонаводаҳо коста гардида, ҷойи онро азобу шиканҷа, таҳқиру озор мегирад ва ҳаёти оилавиро ба парокандагӣ меорад. Азбаски дар оилаҳо низоъ, ҷанҷол ва дигар нофаҳмиҳо ҷой доранд ва чун яке аз сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳои имрўза маҳсуб мешаванд, роҳҳои бартараф кардану пешгирӣ низ доранд. Тавре Давлатзода Тахмина, нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи ШВКД-1-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ин бора мегӯяд, Нисбати он аризаҳое, ки ба шӯъбаи мо ворид мешавад, ҷангу ҷанҷоли оилавӣ нисбат ба келину ҳушдоман ва зану шавҳар дарҷ шудааст. Келинҳо омада аз болои онҳо шикоят мекунанд. Бо модда 93 илова 1 мо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансур равон мекунем. Ҳангоми тафтиши маводҳои ҷамъомада ва омӯзиш мушоҳида мекунем, ки дар ҷангу ҷанҷоли оилавӣ на танҳо мардҳо гунаҳгоранд, балки занҳо низ гунаҳгоранд. Мардҳо шикоят мекунанд, ки хона бетамиз ё хӯрок омода нест. Аз ҳамин сабаб ҷангу ҷанҷолҳо миёни оилаҳо ба вуҷуд меояд. Ҳамчун оилаи ноустувор якчанд оилаҳоро ба қайд гирифтаем, ки аксарияти онҳо бо сабаҳои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ба назар мерасанд. Ана ҳамин рафтор ҳам боиси сар задани нофаҳмиҳо дар оилаҳо мебошад. Бинобар сабабе, ки мо ин оилаҳоро ҳамчун оилаҳои ноустувор ба қайд гирифтаем, таҳти назорати домӣ қарор доранд. Дар идомаи сӯҳбат иброз намуд, ки дар як моҳ ду маротиба мо бо онҳо ҳамсӯҳбат мешавем, аз вазъи оилаи онҳо хабардор мегардем. Ҳангоми ворид шудани аризаҳо мебинем, ки сабаби ноустувории оилаҳо бисёр вақт занҳо ҳам шудаанд то ин ки мардон фикр накунанд, ки фақат занҳоро муҳофизат мекунанду мардҳоро не. Аз ҳамин сабаб нисбат ба зан ва ҳам нисбат ба шавҳарҳо амнномаи муҳофизатӣ пур мекунем, онҳоро огоҳ мекунем, ки талаботи амнномаи муҳофизатӣ 15 шабонарӯз амал карда, манъ кардани ҳама гуна муносибат, муносибатҳои зӯроварӣ нисбат ба ҷабрдида аст. Ҳама он қарорҳое, ки қабул мекунем, ҳолатҳое ҳаст, ки ё зан, ё ин ки шавҳар риоя намекунад. Онҳо боз дубора омада ба мо муроҷиат мекунанд, боз аризаҳои онҳоро қабул мекунем. Тибқи талаботи моддаи 93 илова 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани талаботи ҳалномаи муҳофизатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонида мешаванд, ки ҷавобгарии он назар ба моддаи 93 илова 1-и КҲМ ҶТ зиёдтар мебошад. Зиёда аз 5 то 10 нишондиҳанда ва аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ дорад»- гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Мутаассифона, ҳушунатро мо тақдир меномему ҳамарўза онро таҳаммул мекунем. Хушунати хонаводагӣ ба ҳолати равонии фарзандон ва аъзои оила низ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, хушунат дар оила барои қисми зиёди мардум ба фоҷиа табдил меёбад ва бунёди бехатарии ҷомеаро хароб месозад. Сӯҳбати равоншинос, Нафиса Юнусова, чунин изҳори андеша намуд: «Дар фаъолияти кории ман ҳамчун эксперти судӣ як ҳодиса рӯх дод. Дар яке аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маро ба суд даъват карданд оиди як ҳодиса. Як мард занашро дар давоми се шабонарӯз лату куб мекунад. Бо лагад ба ҷигар мезанад, ҷигар мекафад, зан вафот мекунад. Зан ягон хешу табор ё авлод дар он минтақа надошт, ятимзан буда аз дигар миллат буд. Касе аз пайвандон набуд, ки аз ин зан ҳимоят кунад. Мард мегӯяд, ки занам арақ менӯшид, ба ҳамин хотир ман ӯро задам ва низои оилавӣ ба вуҷуд омад. Гӯё дар давраи рамазон арақ нӯшида бошад. Вале ягон исботе набуд. Инчунин ӯ таъкид кард, ки: «Яке аз проблемаҳои зӯроварӣ дар оила он аст, ки ҳолати рӯҳии зан, лату куб, низои оилавӣ метавонад ба равони фарзандон таъсири манфӣ расонад. Фарзандон дар муҳити тарсу ҳарос ва бемеҳрӣ ба воя мерасанд».
Хушунати хонаводагӣ бештар ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва акасаран сабаби дардманду бемор шудани занон мегардад. Директори Маркази шаҳрии солимии репродуктивии шаҳри Душанбе, Манзура Исмоилова дар мавриди зӯроварӣ ва вазъи солимӣ дар Марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, ибрози назар намуда изҳор намуд: «Зӯроварӣ дар оила амали номатлуб мебошад, ки оқибатҳои манфӣ дорад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи маълумотнокии аҳолӣ аз тарафи мутахассисони марказҳои саломатии шаҳрӣ ва шӯъбаҳои тиббии машваратӣ дар мавзӯъҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъсири зӯроварӣ дар оила дар раванди солимии фарзандон соли 2024 дар якчанд маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо занони қобили таваллуд сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд. Ҳамсӯҳбати мо изҳори андеша намуда, гуфт ки вазифаи мутахассисони Маркази шаҳрии солимии репрадуктивӣ аз он иборат аст, ки сари вақт ёрии тиббии методиро ба ҳамаи мизоҷон мерасонанд. Зан ба шӯъбаи қабул ворид мешавад. Бо таърихи беморӣ бистарӣ шуда, аз тарафи табибон муоина карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ ба таври ройгон табобат таъйин карда мешавад. Заноне, ки ба марказ бо сабабҳои зӯроварӣ, танқисии иқтисодӣ ва рӯҳию ҷисмонӣ қарор гирифтаанд, ҳамчунин равоншиносон низ ба ҳолати равонии онҳо кӯмак мерасонанд. «Мардҳо дар тарбияи фарзанд, танзими оила ва эҳтироми зану фарзанд нақши асосӣ доранд»— таъкид кард Манзура Исломова.
Мутаассифона, аксари занон гирифтори ҳушунату зӯроварӣ дар оила мегарданд. Гўё онҳо дар рўҳияи ғуломӣ зиндагӣ мекарда бошанд. Зўроварӣ на танҳо мушкилоти оилавӣ, балки проблемаи ҷамъиятист. Ва солимии оила аз ҳар яки мову шумо вобаста аст. Мардҳо бояд ба қадри зан-модар бирасанд, нисбат ба занони худ бо раҳму шафқат ва меҳрубон бошанд, онҳоро зери маломату ҳушунат ва зӯроварӣ қарор надиҳанд. Ҳар як зан-модар ҳуқуқ ба зиндагии бехушунатро дошта, бояд дар муҳити орому осуда ва меҳру муҳаббат зиндагӣ ба сар барад.
Зарина Муҳторзода,
радиои «Тоҷикистон»