ҲОЛИ ЗОРИ БОҒИ АБӮМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ

26 – уми марти соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ, Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ин иншооти фарҳангӣ -фароғатӣ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» дар масоҳати қариб 7 гектар доман паҳн кардааст. Дар ин ҷо 5 фаввораи зебою диққатҷалбкунанда, амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, як шаршара, 20 суҳбаткада, 80 нишасткурсӣ, 100 таҷҳизоти равшанидиҳанда ва чандин пергола бунёд ва васлу насб гардида, боғ ба яке аз ҷойҳои аслии сайру гашти сокинони шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Вале  ҳолати кунунии Боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ баъди чор сол куллан дигар гардидааст.

 Сафолаку фаввораҳои шикаста, дарахтони хушкшуда, чароғакҳои корношояму валангор ва партови гирду атрофи боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ҳар нафарро ба хаёле мебарад, ки ин мавзеъро оё ягон нафар назорат мебурда бошад? Ҳатто шиору овезаҳои  солҳои қаблӣ яъне наврӯзи соли 2020   офтобзадаву то ба имрӯз иваз карда нашудааст. Дарахтони хӯшкшуда ва навдаҳои шикастаи он, мавзеъи боғро дар ин айёми сабзу хуррам ҳузнангез намудааст. Барои бунёди боғ маблағҳои зиёду қувваи кории беш аз 200 нафара соли 2020 равона шуда буд. Қисмати даромади боғ  аз ҷониби боғбон об мондаву сарсабзтар аст вале ҳама камбудиҳо дар қисмати болоии боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ дида мешавад.

Дар остонаи таҷлили 33 -солагии  Истиқлоли давлатӣ карор дорем ва дар ин рузҳо сокинон ҳатман ҷойи истироҳату фароғатро интихоб мекунанд. Пас масъулини боғи Абумаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанд кай ба ин камбудиҳо эътибор медиҳанд?