Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши саноати инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конфронс олимону донишмандон аз вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳо, инчунин мутахассисони МТС иштирок намуданд.
Дар конфронс масъалаҳои муайян намудани нақши соҳаи саноат дар рушди иқтисоди миллӣ, мавқеъи саноати инноватсионӣ ва зарурати истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи саноати кишвар, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи саноати инноватсионӣ, муайян намудани самтҳои рушди саноати инноватсионӣ дар шароити иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди устувор ва татбиқи стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои то соли 2030 ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар оғози конфронс Хайриддин Усмонзода директори МТС суханронӣ карда, қайд намуд, ки яке аз унсурҳои муҳими таъмини тараққиёти индустриалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти молу маҳсулоти гуногун мебошад. Ба гуфтаи ӯ аҳамияти фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав дар саноат ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, афзоиши содирот ва қонеъсозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад.
Дар идома Ҷӯрахон Бобоев сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии МТС баромад карда, иброз намуд, ки саноат аз ҷумлаи соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар коркарди ашёи хоми ватанӣ, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, ба боло рафтани иқтидори содиротӣ ва барои баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши саноати инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди саноати кишвар ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта мебошад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”