То оғози соли нави таҳсил 2 — рӯзи дигар боқӣ мондааст, вале МТМУ №44 — и шаҳри Ҳисор барои қабули хонандагон омода нест.
Муассисаи мазкур дар деҳаи Бобосурхони ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст. Тибқи иттилои масъулин зиёда аз 10 — сол инҷониб таълимгоҳ таъмири капиталӣ нашудааст. Имсол аз чи бошад, ки масъулин таъмири муассисаро хеле дер шурӯъ карданд. Ҳарчанд, ки аҳолии деҳоти Алмосӣ ҳаракат доранд, ки муассисаро аз таъмир бароранд, вале то оғози дарсҳо фурсат каму анҷоми корҳо дар гумон.
Раиси ҷамоат Бобораҷаб Самиев, омӯзгор мегӯяд, агар то 1 — уми сентябр таъмир тамом нашавад, хонандагон дар бинои иловагии ҳамин муассиса мехонанд. Вақте мо аз бинои иловагӣ дидан кардем, маълум гашт, ки ҷойи нишаст дар ин бино маҳдуд буда, имкони ғунҷоиши хонандагони бинои асосӣ вуҷуд надорад.
Раҳима Холова мӯзгори муассиса низ иброз намуд, ки хонандагон имсол дар куҷо мехонанд номаълум. Директори МТМУ №44 Тағоймурод Шарипов бовар дорад, ки мактаб то рӯзи аввали дарсӣ аз таъмир мебарояд.