28 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) доктор Акиҳико Танака мулоқот намуд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда дар мамлакат, бахусус навсозии роҳҳо, дастгирии соҳибкории хурд ва бахши кишоварзӣ, таъмини оби нӯшокӣ, муҳити зист ва тақвияти зарфияти инсонӣ мубодилаи афкор намуданд.