27-уми августи соли 2024, Стокҳолм. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар чорабиние, ки бахшида ба Конфронси оби СММ – 2026 доир гашт, иштирок кардааст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар додааст.
– Натиҷаҳо, паёмҳои калидӣ ва тавсияҳои Конфронси сеюми сатҳи баланди Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (10-13-уми июни соли 2024), ки бомуваффақият баргузор гардид, метавонанд дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2026, ки аз ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал ташкил карда мешавад, нақши муҳим гузоранд, – гуфтааст Далер Ҷумъа зимни суханронӣ.
Ҳамчунин, вазир аз Конфронси оби СММ – 2023, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва Нидерландия ташкил шуда буд, ёдовар шуда, онро гардиши куллӣ ва дар садри рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор гирифтани масъалаи об арзёбӣ кард. “Мо шоҳиди қабули Рӯзномаи амал об, ки рамзи тавонои уҳдадории мо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мебошад. Ин даъват мандат нест, балки сафарбаркунӣ аст”
– Дар якҷоягӣ бо таҳкурсии мустаҳками Конфронси оби СММ – 2023 ва дигар чорабиниҳои минбаъда, аз ҷумла Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, мо метавонем кафолат диҳем, ки Конфронси оби СММ – 2026 барои ноил шудан ба тамоми ҲРУ вобаста ба об суръат мебахшад.