“Ҷумҳурият”: Дар Тоҷикистон номи беш аз 4800 мавзеи ҷуғрофӣ ва аҳолинишин бояд иваз шавад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 август мақолае бо номи “Деҳа ва Деҳот. Номҳо таърих месозанд.” чоп карда, масъалаи тағйири номи мавзеҳои ҷуғрофӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар кишварро матраҳ кардааст.

Муаллиф менависад, ки аз ҷониби гурӯҳи кории дахлдор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12593 номи мавзеи ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид. Тибқи натиҷаи ин арзёбӣ номи 4031 мавзеи ҷуғрофӣ ва 802 маҳаллаи аҳолининин бояд иваз шаванд. Аз ҷумла, иваз намудани номҳои ҷуғрофӣ ва исми маҳалҳои аҳолинишин дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 52, вилояти Суғд 170, Хатлон 342 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 238 номи деҳа дар назар дошта шудааст.

Зикр мешавад, ки то инҷониб аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 170 номи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иваз карда шуд.

Айни замон бошад барои иваз кардани номи 524 маҳали аҳолинишини шаҳру ноҳияҳо ҳуҷҷатҳо ворид шудаанд. Инчунин, барои иваз намудани номи 496 маҳалу деҳаҳои аҳолинишини вилояти Хатлон лоиҳаи қарори ҳукумат таҳия шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ба гуфтаи масъулони Кумита, номгузорӣ бо назардошти дорои маънои хуб ва зебою дилчаспи тоҷикӣ, мутобиқ ба феҳристи номгузорӣ, номҳои таърихию ба маҳали аҳолинишин мутобиқ будан интихоб карда мешавад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин хабар дод, ки аз якуми июли соли равон андозаи нафақаи беш аз 775 ҳазор нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, 30 дарсад зиёд карда шуд.

Ҳамзамон ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода, раҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 27 шаҳру ноҳия нақшаи воридоти андози иҷтимоиро таъмин карда натавонистанд, ки дар натиҷа, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 37 миллион сомонӣ ворид нашуд.

Ба гуфтаи вай, қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз ду миллиард сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, тахминан, 342 миллион сомонӣ афзудааст.  Аммо бо ин вуҷуд таъкид мешавад, ки айни замон дар ҷумҳурӣ аз пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлабе дигаре аз қавли муовини якуми  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода навишт, ки тайи  ду соли охир, баъди он ки  аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон марҳалаи нави рушди ин минтақаи кӯҳистони кишвар эълон гардид, барои сохтмони иншооти стратегӣ дар ин вилоят зиёда аз 3,6 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар умум дар  ду соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории ба вилоят равонашуда  670 иншооти  таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони боз 641 иншооти дигар дар  нақша аст. Ҳамзамон То охири соли равон ба ифтихори ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва дигар санаҳои муҳим зиёда аз 300 иншоот  ба истифода дода мешавад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 12 август мақолае бо номи “Истеҳсоли дору. Пешравиҳо ва мушкилот” нашр карда, масъалаи истеҳсоли дохилии дору ва молҳои тиббиро баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 90 ширкат ба воридоти дору ва молҳои тиббӣ машғул буда, беш аз 80 дарсади доруро аз Россия, Беларус, Украина, Покистон, Чин ва Ҳиндустон меоранд.

Аз ин бармеояд, ки ҳанӯз ҳам барои беҳбудии саноати дорусозӣ мушкилот кам нест. Аз ҷумла, норасоии маблағ, набудани мутахассисони баландихтисос, ба монанди муҳандис-технологҳои истеҳсолоти фармасевтӣ, мушкил эҷод мекунад.

Ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани раванди истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани пойгоҳи моддӣ-техникӣ низ ҳалли худро наёфтааст.

Дар баробари ин зирк мешавад, ки ҳоло дар кишвар 64 корхонаи ватанӣ 346 номгӯи дору, молҳои тиббӣ, маводи муҳофизатӣ, ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахшро анҷом медиҳанд. Аммо иқтидори истеҳсолии корхонаҳои дорусозии кишвар ҳамагӣ 10-12 дарсади талаботи аҳолиро бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ қонеъ мекунад.

Ба хулосаи муаллиф, бо назардошти ҷой доштани чунин мушкилиҳои ҳалталаб ширкатҳои дорусозӣ роҳи осони харидуфурӯши дору ва молҳои тиббиро пеш мегиранд, ки даромади хуб дорад.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар дод, ки чанд нафар аз сокинони ноҳияи Ашт, маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашонро барои корҳои ободонӣ дар маҳал харҷ кардаанд.

Нашрия менависад, ки сокинони деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Шерфаттоҳ Мавлонов ва Алиҷон Фидоматов маблағи барои анҷоми ҳаҷи умра ҷамъовардаи худро ҷиҳати мумфарш намудани роҳи деҳаашон — Чамбар истифода карданд. Ҳар кадоми онҳо барои ин кори хайр 46 000 сомонӣ ҷудо намуданд. Таъкид мешавад, ки ташаббуси Шерфаттоҳ Мавлонов ва Алиҷон Фидоматов дар миёни сокинони деҳоти ноҳия ҳамовозӣ ба вуҷуд овардааст. Ба гуфти масъулон дар шаҳраку деҳоти Шайдон, Пунук, Ошоба, Ориён ва Ашт сокинон якдилона пули барои анҷоми маносики ҳаҷ андӯхтаашонро ба корҳои ободонӣ харҷ мекунанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 14 август мақолае бо номи “Агар камераҳо набошанд… Ё қурбониҳои рӯзафзун дар “ҷанги роҳ”” нашр карда, аз афзоиши садамаҳои нақлиётӣ ва шумораи қурбониёни ин ҳодисаҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.  Муаллиф бо такя ба омори расмӣ менависад, ки дар шаш моҳи охир 236 нафар ҷон додаанд. Яъне, ҳар ним сол мо дар ин “ҷанг” як рота сарбозро аз даст медиҳем, ки талафоти сангин аст.

Инчунин, теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дарсад афзудааст, теъдоди захмиён 13 дарсад ва шумораи ҷонбохтагон аз 22 дарсад бештар аст. Яъне дар ҳар 3 рӯз 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба андешаи муаллиф, аксари чораҳое, ки то ин дам дида шудаанд, камтаъсиранд. Масалан то замоне, ки ришва ҳаст, ронандаҳои  нохонда сари чамбарак мешинанд, то вақте ки ришва ҳаст, корманди БДА ба ронандаи қоидавайронкун таъсир расонида наметавонад.

Алҳол, ягона корманди “поквиҷдон” — ин боз ҳамон дурбинҳои назоратии худкор аст, ки худаш ҷаримабандӣ мекунад. Ва агар чунин дурбинҳоро дар роҳҳои пурхатари беруназшаҳрӣ низ насб кунанду ба кори он дахолат накунанд, шояд бо ин роҳ теъдоди қурбониёни роҳҳо кам шавад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 15 август бо нашри матлабе масъалаи таҳдидоти мавҷуд ба амнияти кишвраҳои Осиёи марказиро баррасӣ кардааст.

Муаллиф бо такя ба коршиносон менависад, ки айни замон таҳдид ба амнияти кишварҳои минтақа гурӯҳи Толибон ва дигар ҷараёнҳои ифротӣ дар Афғонистон, бӯҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,  хушксолӣ ва нарасидани об, афзоиши ифротгарои дохилӣ бар изофаи бозгашти террористони собиқ ва Киберэкстремизм дониста мешавад.  Барои мисол муаллиф менависад, ки тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 582 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ ба қайд гирифта шуда, 226 нафар аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ боздошт шудаанд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”