Имрӯз, нисфирӯзи дар шаҳри Куала – Лумпури Малайзия маросими қуъракашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – 2 доир гардида, дастаҳо рақибони худро дар марҳилаи мазкур пайдо намуданд. Аз ҷумла ду намояндаи Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” низ.
Қаҳрамони кишвар – дастаи “Истиқлол” дар гурӯҳи “С” қарор гирифта, рақибонаш “Сипоҳон» –и Эрон, «Ал-Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Ал-Веҳдат»-и Урдун гардиданд.
Ноиб қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бошад шомили гурӯҳи “А” гардида, дар ин марҳила бо дастаҳои «Ал-Вақра»-и Қатар, «Трактор Созӣ»-и Эрон ва «Моҳан Баган»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад.
Натиҷаи қуръакашии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2
Гурӯҳи А
«Ал-Вақра» (Қатар)
«Трактор Созӣ» (Эрон)
«Моҳан Баган» (Ҳиндустон)
«Равшан» (Тоҷикистон)
Гурӯҳи B
«Ал-Таавун» (Арабистони Саудӣ)
«Эйр Форс» (Сурия)
«Ал-Ҳалдия» (Баҳрайн)
«Олтин Асир» (Туркманистон)
Гурӯҳи C
«Сипоҳон» (Эрон)
«Ал-Шарҷа» (АМА)
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Ал-Веҳдат» (Урдун)
Гурӯҳи D
«Шабоб Ал — Аҳлӣ» (АМА)
«Насаф» (Ӯзбекистон)
«Ал-Ҳусейн» (Удун)
«Кувейт» (Кувайт)
Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – 2 санаи 17-ум то 19-уми сентябр баргузор мегардад.
Рустами Зоир
Радиои “Тоҷикистон”
Акс аз саҳифаи расмии theafchub