Идомаи даври шаҳрии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе

Рӯзи дуюм аст, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Имрӯз санҷиши донишу малакаи довталабони синфҳои 5 — 8 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе аз рӯйи панҷ номинатсия сурат гирифт.

Соли шашум аст, ки дар кишварамон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад ва қариб ки ҳар сол ба низомномаи он тағйиру иловаҳо ворид гардида, имкониятҳои ғолиб омадани иштирокчиёнро бештар намуд. Аз ҷумла имсол ҷойҳои намоёни озмуни мазкур 9 адад зиёд карда шуд. Мусоя Ғафорова хонанаи синфи 5 — уми Муассисаи давлатии таълимии Литсеи инноватсионии шаҳри Душанбе буда, соли якум аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” иштирок менамояд. Ба гуфтаи Мусоя, иштирокаш дар озмун ба ӯ имкон додааст, ки ҷаҳонбинии илмии худро бештар намояд.

Соли гузашта номи номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Қисми зиёди довталабони ин номинатсияро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳад. Инро ба назар гирифта имсол номинатсияи мазкурро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм — хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм — хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд. Шукрона Муродова хонанаи синфи 5 — уми МТМУ рақами 33 — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, соли чорум аст, ки дар озмун аз руи номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки давоми ин чанд сол руҳафтода нагардида, умедвор аст, ки имсол дар озмун ғолиб мешавад.

Иштирокчии дигари озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” Нозанин Гадоева хонанаи синфи 8 — уми Муассисаи давлатии таълимии Литсеи инноватсионии шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мақсади иштирок карданаш дар озмун сайқал додани донишҳои азбаркардааш мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки имсол шумораи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 1 адад дар солҳои қаблӣ, ба 4 адад расонида шуд. Инчунин шумораи омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоии озмун ғолиб мегарданд, ба 70 нафар расид.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”