Нуктаҳо аз нишасти хабарии Вазорати корҳои дохилӣ

Дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 11804 (2023-11612) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи  субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 5 ҳазору 585 ҷиноят ба ҳисоб гирифта, 4 ҳазору 727 ҷиноят мавриди тафтиш қарор дода шуд, ки кушодашавии он 87,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 41 (2023-24), роҳзанӣ – 11 (2023-5), ғоратгарӣ – 33 (2023-61), таҷовуз ба номус – 17 (2023-25), хариду фурӯши одамон 38 (2023-34), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 61 (2023-54), авбошӣ – 776  ( 2023-666 ), қаллобӣ – 1820 (2023-1491), дуздӣ – 2036 (2023-2229), тамаъҷӯӣ 20 (2023-26),  муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 317 ( 2023-328 ) ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Дар ин давра 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 53 нафар барои содир намудани 19 ҷиноят ошкор карда шуд.

Ҷиҳати пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 297 ( 2023-273 ) адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 89 кг (2023-1 тоннаву 322) воситаҳои нашъадор ва 1 ҳазору 75 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда мусодира карда шудаанд.

Аз тарафи ноболиғон 332 ( 2023-258 ) ва аз тарафи ҷавонон бошад 1604 (2023-1713) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҳамзамон, нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.

Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1395 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Бар асари 539 ( 2023-492 ) садамаи нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.  Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо маҷрӯҳшудагон 13,3 фоиз ва ҳалокшудагон 22,3 фоиз зиёд шудааст.

Дар ҷумҳурӣ 494 ( 2023-581 ) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳолат кам гардидааст. Дар натиҷаи сӯхтор 9 (2023-18) нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 7 нафарашон ноболиғ мебошанд ва аз коми сӯхтор ҳаёти 37 нафар шахрвандон наҷот дода шудааст. Маблағи зарар 12 миллиону 137 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.