Иштиркори 130 нафар омӯзгорону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ

Имсол дар давраи якуми тақсимоти ММТ нақшаи қабули донишҷӯён дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 74 дар сад иҷро гардид. Дар ин бора Рустам Ғаниев, директори филиали ин донишгоҳ дар Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар донишгоҳ 433 нафар донишҷӯён ба илмомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 297 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 136 нафар дар гурӯҳҳои шарномавӣ таҳсил доранд.
Ба таъкиди Рустам Ғаниев ба ғайр аз он, ки раванди таҳсил ва муошират дар донишгоҳ бо забони русӣ аст, инчунин ба донишҷӯён забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ ва хитоӣ ба муҳлати аз 1 то 4 сол омӯзонида мешавад.

Дар идомаи нишаст Рустам Ғаниев қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ҳамагӣ дар 6 кишвари дунё филиалҳои худро ташкил додааст. Ба гуфтаи ӯ дипломи ин донишгоҳ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ба кор меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 130 нафар омӯзгорону донишҷӯёни филиали донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, 24 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ба гуфтаи Рустам Ғаниев ҳамаи ғолибшудагон аз ҳисоби филиали Донишгоҳи давлатии Москва бо маблағҳои аз 300 то 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки вобаста ба тартиби фиристодани донишҷӯён ба низоми таҳсилоти фарогир 93 нафар аз ҳисоби донишҷӯёни бакалавр, магистратура ва мутахассисон ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов сафарбар гардиданд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”