Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дохилӣ ба буҷети давлатӣ 9 млрд 836,6 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки 106,7 фоиз иҷрои нақшаи тасдиқшударо ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 619,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода итилоъ дода, гуфт бо назардошти ворид намудани тағйирот ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 73,5 млн сомонӣ вобаста ба барзиёд иҷро шудани он, дар ин давра нақшаи аниқшуда ба андозаи 105,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет нисбат ба нақшаи муқарраршуда 546,3 млн сомонӣ зиёд ворид карда шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра иҷрои нақшаи аниқшудаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин карда шуда.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”