Ошкорсозии 10 гурӯҳи муташаккил

Дар шаш моҳи аввали соли 2024 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 53 нафар барои содир намудани 19 ҷиноят ошкор карда шудааст.

Ин нуктаро имрӯз муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуда, гуфт, ки бар асари садамаҳои нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 750 нафар ҷароҳат ҷисмонӣ гирифтаанд.

Нуралӣ Каримов,

радиои “Тоҷикистон”