Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 22 359 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1490 мавод ё 6% кам аст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иттиллоъ дода, илова намуд, ки ба Вазорат дар ҳамин давра, дар самти қонунгузорӣ 2404 мавод ворид гардидааст.
Ҳамзамон дар самти баррасии санадҳо ҳуқуқии байналмилалӣ мутахассисони Вазорат 1243 маводро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод намуданд.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”