Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ шаҳодатномаи аккредитатсионии байналмиллалиро соҳиб гардидааст

Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли 2024 аз аккредитатсияи байналмиллалӣ аз ҷониби Агентии новобастаи аккредитатсия ва рейтингии Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯйи барномаи таҳсилоти ихтисоси “Кори табобатӣ” гузашта, барои се сол Шаҳодатномаи аккредитатсионии байналмиллалиро соҳиб гардид.

Дар ин бора ректори Донишкадаи мазкур Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО- и дохилу хориҷи кишвар иттилоъ дода, гуфт дар ин давра омӯзгорони кафедраи фармасевтӣ дар 14-умин Намоишгоҳи байналмиллалии ихтироъкорон, ки дар давлати Қувайт баргузор гардид, иштирок намуда, ихтирои навъи доруҳои худро ба ҷаҳониён аз тарафи Донишкада муаррифӣ намуданд. Барои ихтироъҳои худ устодони Донишкада миёни 65 давлати дунё ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Дар самти ҳамкории байналмиллалӣ дар рафти нишасти хабарӣ аз ҷониби масъулини ин боргоҳи илм гуфта шуд, ки айни замон Донишкада бо 12 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкории дуҷониба дар самтҳои соҳаи тиб ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Ояндаи наздик Донишкадаи тиббӣ иҷтимоии Тоҷикистон тасмим дорад бо намояндагони ташкилоти ” КlM lhterhatiohal Hospitals” оид ба табодули таҷрибаи табибон ҳамкориҳри байналмиллалиро ба роҳ монад.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”