Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал 7330 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида, 6588 дастур дода шудааст. Ҳамзамон нисбати 6634 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ низ тартиб дода шуда, беш аз 3 млн. сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шудааст.
Ин матлабро имрӯз масъулини Кумитаи мазкур зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон байён дошта, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 656 мавод ба прократура ва 378 адад мавод барои ба таври маҷбури ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 5188 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд.
Вобаста ба ҳолати қонунвайронкунии замин дар шаҳру навоҳии кишвар гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботи аз тарафи нозирони ВМКБ 316 ҳолат, вилоятҳои Хатлон 2903 ҳолат, Суғд 2778 ҳолат вп шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1241 ҳолати қонунвайронкунии замин мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”