29 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелянро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла атрофи мавзуъҳои обу иқлим баррасӣ шуд.
“Аз Шумо барои ҳамкории босамар, аз ҷумла дар ташкили конфронсҳои мавзӯӣ, пеш аз ҳама оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар кишвари мо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид, миннатдорем”-изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти минбаъдаи нақши Созмони Милали Муттаҳид дар умури байналмилалӣ мебошад ва саъю кӯшишҳои онро барои таҳкими ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва рушд хеле муҳим мешуморад”.
Қабули 10 қатънома аз руи ташаббусҳои Тоҷикистон ва ҷонибдории кишварҳои аъзои созмон аз иқдомҳои байналмилалии кишвари мо натиҷаи ҳамкории судманди ҷонибҳо номида шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба пешбурди минбаъдаи Раванди оби Душанбе ва соли 2028 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кардани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об ва дар чорчӯби он баррасии ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 табодули андеша карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.