Дар нимсолаи якуми соли 2024 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 9 миллиарду 577 миллион сомонӣ будас, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 115,7 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода хабар дода, гуфт ки дар ин муддат ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 81,5-ро ташкил медиҳад, ба истифода дода шуданд.
Моҳҳои январ-июни соли 2024 фондҳои асосӣ ба маблағи 4 миллиарду 785 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 8 миллиарду 425 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”