Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 217 кг 800 грам маводи нашъаовар мусодира гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 – 148 кг ё 41 фоиз кам мебошад. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ, директори Агентӣ, генерал-майор Самад Зафар иттиллоъ дод.
Ҳамчунин директори Агентӣ илова намуд, ки дар ҳамин давра 55 ҷинояти вобаста ба ба маводи нашъаовар ошкор шуда, фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 37 нафар ошкор ва қатъ кардааст.
Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”