Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла баргузории ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, маърифати ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқии шаҳрвандон, муқаррар гардидани имтиёз ба соҳибкорони зарардида ва масъалаи обёрӣ матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 23-уми июл доир ба ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, дар шаҳри Душанбе доир гардид, хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи мувофиқаи бадастомада, Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 141 миллион евро грант ва қарзҳои имтиёзнок ҷудо менамояд. Дар ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо сардори департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин вохӯрӣ карда, ҷонибҳо масъалаи ҷалби бештари маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” ҳамчунин дар шумораи рӯзи 24-уми июл мақолаеро таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ. Мафкураи тарбиявӣ дар мадди аввал” нашр кардааст. Муаллифи матлаб зикр мекунад, ки дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст, зеро муваффақияти ислоҳоти ҳамаҷонибаи ҷомеа бевосита аз таълими ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста аст ва барои татбиқи ғояи давлати ҳуқуқбунёд аҳамияти махсус дорад. Ба таъкиди муаллифи мақола эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ хеле ба маврид ва саривақтӣ мебошад. Махсусан, баъд аз мулоқоти Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки дар он масъалаҳои муҳими ҷомеа матраҳ гардиданд, баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқӣ боз афзалият пайдо кард.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлабе дигаре хабар додааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бинобар сабаби ба амал омадани боришоти аз меъёр зиёд ва офатҳои табиӣ, корҳои муҳандисӣ-геологии Саридораи геология ба маротиб афзуд. Аз ҷумла, тибқи мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ гузаронда, ба хоҷагиҳо барои ба ҷойҳои бехавф кӯчидан тавсияҳо дода шуданд. Ҳамзамон, нашрия хабар медиҳад, ки тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ, дар маҷмуъ, дар 411 хоҷагӣ анҷом пазируфтанд, дар натиҷа, дар вилояти Хатлон ба 306 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан тавсия дода шуд. Инчунин, тибқи дархост ва нақшаи чорабиниҳо дар 24 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои вилояти Суғд низ тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ доир гардида, ба 34 хоҷагӣ пешниҳод намуданд, ки аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф, ки Ҳукумати Тоҷикистон муайян кардааст, кӯч бандад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 22-уми июл матлаберо таҳти унвони “Ба соҳибкорони зарардида имтиёз муқаррар шуд” нашр кард. Гуфта мешавад, ба соҳибкороне, ки дар натиҷаи сӯхтори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун зарар дида буданд, имтиёз муқаррар гардид. Дар бозор 611 соҳибкор фаъолият мекарданд, ки моҳона ба буҷети ноҳия беш аз 750 ҳазор сомонӣ андоз месупориданд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бартарафкунии оқибати сӯхтор идома дошта, қисми зиёди соҳибкорон дар дигар мавзеъ бо ҷои савдо таъмин шуданд. Инчунин, соҳибкороне, ки барои тиҷорат аз бонкҳо қарз гирифта буданд, муҳлати қарзҳои бонкии онҳо тамдид шуд. Комиссияи салоҳиятнок зарари сӯхторро тақрибан 10 миллион сомонӣ муайян намуд,- навиштааст нашрия.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ҳамин шумора матлаберо таҳти унвони “Банкоматҳои бепул ва мардуми сарсон” нашр намудааст. Ба навиштаи нашрия дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 10 бонк ва ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла «Амонатбонк»‚ «Душанбе Ситӣ»‚ «Эсхата»‚ «Ориёнбонк»‚ «Имон интернейшнл»‚ «Арванд»‚ «Спитаменбонк»‚ «Алиф»‚ «Коммерсбонк»‚ «Матин»‚ «Ҳумо»‚ «Аввалин бонки молиявии хурд» ва «ОКСУС», фаъолият дорад. Ҳоло дар шаҳр зиёда аз 60 банкомати ташкилотҳои қарзӣ мавҷуданд, ки аксар дар маркази шаҳр ё назди бозори марказӣ ҷойгир мебошанд. Дар гӯшаҳои шаҳр танҳо банкомати «Амонатбонк» ва «Душанбе Ситӣ»-ро дидан мумкин аст. Бинобар ин, аксар мардуми корафтода баҳри пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳо маҷбуранд‚ ки даҳҳо километр роҳро тай намуда, соатҳои тӯлонӣ дар навбат истанд. Муалифи матлаб зикр мекунад, ки мутаассифона, аксари марказҳои савдо бо кортҳои миллӣ хизмат намерасонанд. Аз ин рӯ, бояд роҳбарони ташкилоти қарзӣ бо марказҳои савдо оид ба масъалаи пардохти ғайринақдӣ корбарӣ намоянд ва дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» беш аз пеш фаъол бошанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 24-уми июл бо нашри як матлаб хабар дод, ки Тоҷикистону Русия дар мавриди намои бинои нави театр ба номи Владимир Маяковский, ки дар Душанбе сохта мешавад, ба мувофиқа расиданд. Ба навишатаи нашрия дар толори он ҳудуди 500 нафарро ҷойгир карда мешавад ва таҷҳизоти он монанд ба театри Набережние Челни хоҳад буд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат хоҳад буд. Ошёнаи якум бо сутунҳо оро дода мешавад, ки дар байни онҳо ороишҳо бо услуби миллӣ насб карда мешаванд. Дар ошёнаи дуюм майдони калони шишагӣ ва балкон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи ин ҳафтаинаи худ маталаберо таҳти унвони “Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад” нашр кардааст. Муаллифи матлаб дар такя ба маълумоти директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон хабар додааст, ки Агентӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истифодабарандагонро бо 1,8 млрд метри мукааб ба маблағи 87,2 млн сомонӣ бо об таъмин кардааст.Аммо истифодабарандагони об ҳамагӣ 14% аз маблағи хидматрасонии агентиро пардохт кардаанд. Муаллифи матлаб дар идома бо истинод ба маълумоти масъулин зикр намудааст, ки барои дастгирии соҳа Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ мекунад, аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва лоиҳаи “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” ва “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон”. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо 182,3 млн долларро ташкил медиҳад. То имрӯз 66,6 млн доллар ё худ 37%-и аз нақшаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур азхуд шудааст.
Баҳруллои М