Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе озмуни “Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра” баргузор гардид. Дар озмун 118 нафар хонандагон аз ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар иштирок карда, барои ба даст овардани аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра донишозмоӣ менамоянд.
Дар оғози чорбинӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баромад карда, иброз намуд, ки агар ба натиҷаҳои ҷамъбасти панҷ соли охир назар андозем маълум мегардад, ки гирандагони аттестати аъло бо медалҳои тилло ва нуқра аз тарафи хатмкунандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд гардидааст. Ба таъкиди Вазири маъориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода агар дар соли 2017 шумораи гирандагони аттестати аъло бо медалҳои тилло ва нуқра ҳамаги 8 нафар буд, пас ин шумора дар соли 2023 ба 34 нафар расид.
Маврид ба зикр аст, ки дар озмун хонандагоне иштирок намуданд, ки синфи 9-умро бо аттестати аъло ва имтиҳонҳои синфи 10, 11-ро бо баҳои 5 ва рафтори намунавӣ хатм кардаанд. Озмун аз ду бахш иборат аст. Довталабони озмун аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ва табиъӣ – риёзӣ имтиҳон месупоранд. Ба гуфтаи Зеварой Сафарова мудири шуъбаи таълим ва корҳои методии МД Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо довталабоне, ки дар озмун ғолиб мегарданд ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат аз руи ихтисосҳои интихобкардаашон ба тариқи ройгон дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 12 фанни таълимӣ ва довталабони аттестати аълои равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз 6 фанни таълимӣ имтиҳон месупоранд. Абдураҳим Сангинов хатмкардаи синфи 11 – и Муассисаи давлати таълимӣ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе довталаби озмун аз равияи табиъӣ – риёзӣ мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки барои озмун таёрии хуб дидааст ва умедвор аст, ки сазовори медали тилло мегардад.
Қайд кардан зарур аст, ки барои гузаронидани санҷишҳои фаннӣ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимони шинохта ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар комиссияҳои фаннӣ таъсис дода шудаанд. Озмун ду рӯз давом карда, натиҷаи он баъди ҷамъбасти холҳои ниҳоии довталабон муайян карда мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”