Дар нимсолаи якуми соли 2024 КВД “Хоҷагии манзилии комуналӣ” ба маблағи беш аз 118 млн сомонӣ хизматрасонӣ намудааст

КВД “Хоҷагии манзилии комуналӣ” дар нимсолаи якуми соли 2024 ба истифодабарандагон ба маблағи 118 млн 339, 7 ҳазор сомонӣ хихматрасонь намудааст, ки суръати афзоиши он 113, 9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии ин ниҳод аз ҷониби масъулини корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар самти хизматрасонии коммуналӣ қайд карда шуд, ки корхонаҳои давлатии фаръии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ин давра ба истифодабарандагон ба маблағи 50 мил. 181, 6 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонидаанд, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 5 мил 193,2 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 111, 5 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин перомуни таъминоти оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов маълумот дода шуд, ки Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи КВД ” Хоҷагии манзилию коммуналӣ” воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024 таъминоти оби нӯшокиро ба истифодабарандагон ба миқдори 35 мил 309 ҳазор метри мукааб расонида, 12 мил 94 метри мукааб баровардани партовҳои онҳоро таъмин намуданд.

Олуфта Шарипова,

радиои “Тоҷикистон”