Соли шашум аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азиз ман” баргузор мегардад. Ин нуктаро имрӯз муовини якуми вазири фарҳанг Обид Назар зимни нишасти хабарии вазорат иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои мавсуф, имсол низ тибқи муқаррароти низомнома ва нақшаи тасдиқшуда, давраҳои якум ва дуюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даври якуми озмун 5302 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2755 нафар ба даври дуюм рохат гирифтанд. Таҳлилҳои ҷамъбасти якум нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 860 нафар зиёд аст. Даври дуюми озмун, ки аз 10 то 25 июни соли 2024 доир гардид, аз 2755 нафар довталаб 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Ба гуфтаи Обид Назар даври сеюми озмуни мазкур нимаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад. Аз нишасти хабарии ин ниҳод ҳамкорамон Сураё Сироҷиддин хабар иттилоъ медиҳад.