15 июли соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шарифзода Юсуф эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон супорид.
Юсуф Шарифзода салому паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Али Зардори расонд.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот дар хусуси муносибатҳои Тоҷикистону Покистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.