Дар минтақаҳои қисми шарқии Афғонистон дар пайи боришоти чанд рӯзи охир обхезӣ сар зад. Тавре шабакаи телевизионии Тулунюс хабар медиҳад, бар асари боришоту обхезиҳои шадид 35 нафар ба ҳалокат расида, 230 каси дигар маҷруҳ шуданд. Аз ҳама зиёд вилояти Нангарҳор хисорот дидааст.
Гуфта мешавад, ки дар пайи офати табиӣ садҳо манзили истиқоматӣ ва заминҳои корам зери об монда, корношоям гардидааст. Тибқи иттилои расида, аз аввали моҳи май инҷониб танҳо дар вилояти Бағлон беш аз 300 нафар дар натиҷаи обхезӣ ба ҳалокат расидаанд.