Мақомоти Фаронса дар остонаи Бозиҳои олимпӣ, ки 26 июли соли 2024 оғоз мешаванд, тақрибан панҷ ҳазор муҳоҷири бесарпаноҳро аз Порис берун карданд. Ба мардум ваъдаи манзил ва кӯмаки иҷтимоӣ дода шуда буд, аммо бисёре аз онҳо дар шаҳрҳои барояшон ношинос дар кӯчаҳо монданд, менависад The New York Times. Муҳоҷирон амали мақомотро мустақиман бо омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ рабт медиҳанд.
Газетаи «Нью-Йорк Таймс» инчунин аз номаи як мансабдори идораи манзил истинод мекунад, ки дар он ба таври возеҳ гуфта мешавад, ки одамон пеш аз Бозиҳо аз Париж кӯчонида мешаванд. Аммо мақомоти Фаронса мавҷудияти чунин робитаро расман рад мекунанд. Аз ҷумла, ҳамсӯҳбатони ҳукуматии нашрия гуфтанд, ки сухан дар бораи як барномаи кӯчонидани ихтиёрӣ меравад, ки барои “рафъи мушкили норасоии шадиди манзил дар Порис” пешбинӣ шудааст. Тақрибан 100 ҳазор нафар бесарпаноҳ дар Париж ва атрофи он зиндагӣ мекунанд.