Хукуматдорони Фаронса қонунеро қабул карданд, ки мувофиқи он корфармоён ҳақ доранд дар сурати гармои шадид корҳои сохтмониро бас кунанд. Дар ин ҳолат кормандон музди меҳнаташонро мегиранд.
Ба иттилои хабаргузории Франспрес, ин тасмим ба далели афзоиши садамаҳо дар ҷои кор дар натиҷаи ҳарорати баланд гирифта шудааст. Тағйирот дар қонунгузории меҳнат то ҳол танҳо ба бахши сохтмон таъсир расонидааст.
Тибқи гузориши Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ сол то сол мавҷи гармои шадид Фаронсаро фаро гирифтааст, ки ин ҳолат барои саломатии одамон торафт хавфнок шуда истодааст. Барои онҳое, ки дар берун кор мекунанд, мушкилтар аст. Мувофики тадқиқоти олимон дар ҳарорати аз 32 дараҷа зиёд ҳосилнокии меҳнат қариб 40 фоиз кам мешавад.