“Ҷумҳурият”: Норасоии табибони оилавӣ мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби зиёди хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 июл мақолае “Сулҳро ақл тавлид мекунад”  чоп карда менависад, ки аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид шудааст модели сулҳе, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ин моделро дар ҷаҳон бояд истифода кард.

Муаллифи матлаб Қозидавлат Қоимдодов менависад, “Мо – вакилон ва шоҳидон, бо гузашти солҳо, имрӯз дарк кардем, ки дар он вақт чи тавр ҷоннисориҳо ва набарди хастагинопазири Сарвари давлат лозим буд, ки Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии дунё нигоҳ дорад. Абарқудратҳо дар бозори геополитикӣ кӯшиш доштанд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро мисли қарни XIX ба мустамликаи фармонбардори хеш  табдил диҳанд. Аҳсант ва сад офарин ба Пешвои миллат, ки истиқлоли сиёсӣ, давлатӣ, таҳкими аркони давлатсозию давлатдорӣ ва ояндаи  кишварро матраҳ намуданд.”

Ба хулосаи муаллиф, сулҳу ваҳдат ва ягонагию ҳамдигарфаҳмӣ, ки дастоварди муҳими кишвари мост, маҳз ба шарофати иродаи сиёсӣ ва саҳми шахсии Пешвои миллат ва дастгирии мардум воқеияти муъҷизавии қарни XXI гардид.  Ба мақоли чинӣ, ки мегӯяд  “Ҷангро ғазаб ва сулҳро ақл тавлид мекунад”, розӣ ҳастам ва Пешвои миллат ғазаби душманони миллатро афв карда, сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз намуд.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 июл аз нарасидани табибони оилавӣ дар марказҳои саломатии як қатор деҳоти кишвар изҳори нигаронӣ мекунад.

Ба гуфтаи муаллиф, ин ҳолат  аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ маҳсуб шуда, чунин камбудӣ дар аксари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ҳисор, ҷой дорад.  

Бино ба иттилои Шарофат Кабирова мудири шуъбаи кадрҳои шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ҳисор, алҳол  муассисаҳои тандурусти ин шаҳр ба 36 табиби оилавӣ ниёз доранд.

Дар идома зикр мешавад, масъулон мегӯянд, ки табибон бо сабаби дур будани роҳ дар марказу бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳот хоҳиши кор карданро надоранд, зеро музди меҳнаташон сарфи роҳкиро мешавад. Ба таъкиди онҳо, ягона роҳи ҳалли ин масъала дар минтақаҳое, ки марказҳои саломатӣ мустақаранд, бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани табибон мебошад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 июл бо нашри матлабе масъалаи соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Муаллифони мақола таъкид мекунанд, ки тибқи мушоҳидаҳо дар 8 соли охир ба як нафақагир тақрибан чоряки шумораи коргарон кам шудааст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ буда, сабаби боз ҳам афзудани фишор ба буҷети давлатӣ мегардад.

Дар ин мақола таъкид мешавад, ки фарогирии иқтисодии ин қишри ҷомеа метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд. Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ «соҳибкории иҷтимоӣ» зарур аст.

Дар идома зирк мешавад, ки бо назардошти ин аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» таҳия ва пешниҳод шуд. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар мамлакат мебошад

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар медиҳад, ки сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҳалима Гадоева маблағеро, ки барои зиёрати хонаи Худо ҷамъоварӣ карда буд, дар корҳои ободонӣ масраф намуд. Ин зани 62-сола бо маслиҳати фарзандон роҳи мушкилгузари деҳаашро обод намуда, рафтуомади бемамониати ҳамдеҳагонашро таъмин кард.

Тавре аз мақомоти ноҳия иттилоъ доданд, Ҳалима Гадоева се километр роҳро тахту ҳамвор намуда, 100 метри онро мумфарш кардааст. Ин оилаи намунавӣ боз мақсад гузоштааст, ки роҳи деҳаро пурра мумфарш намояд.

Дар бароабри ин нашрия хабар медиҳад, ки кори ҳасмонро як зани солманди сокини ноҳияи Файзобод низ анҷом додааст. Гуфта мешавад, ки Гадобегим Исматоваи 96-сола тасмим гирифт чил ҳазор сомонии барои рафтани ҳаҷ пасандознамудаашро барои сохтани пул истифода кунад. Бо маблағҳои Гадобегим Исматова ду пули харобшуда дар деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод барқарор намуданд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 11 июл бо нашри мақолаи таҳилӣ масъалаи муҳоҷирати кории танзимшуда аз Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

Муаллиф бо такя ба омори ҷониби Русия менависад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 беш аз 545 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба Русия сафар кардаанд. Аммо аз ин миён танҳо 20 ҳазор нафари онҳо расман бо даъвати корфармоён аз Русия ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Ин нишондод ҳамагӣ 3,6 дарсади шумораи умумиро муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи коршиносон яке аз мушкилот дар заминаи муҳоҷирати танзимшуда ин аст, ки корхона ва ширкатҳои Русия ба кормандони соҳибихтисос ниёз доранд. Аз ин рӯ муҳоҷирони кории беихтисос таваҷҷӯҳи чандоне барои сафар аз тариқи Агентии таъминот бо кор дар хориҷа  нишон намедиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ муовини вазири меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» беш аз 100 касб таълим дода мешавад ва ҳамасола ба онҳо ихтисосҳои нав ворид мегардад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 10 июл аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти терминалҳои Экспресс-пей дар пойтахт интиқод кардааст.

Муаллиф менависад, қариб як сол мешавад, ки мусофирон маблағи роҳкироро ба кортҳои нақлиётии автобусу троллейбус дар аксар кӯчаҳои пойтахт гузаронида наметавонанд.

Сабаб: терминалҳои ширкати Express Pay вазифаи хизматрасонӣ барои аҳолии беш аз 1-миллион нафараи шаҳри Душанберо бояду шояд уҳда карда наметавонанд.

Дар ин мталаб таъкид мешавад, чунин ба назар мерасад, ки Express Pay аз талаботи замона қафо монда истодааст: терминалҳояш куҳнаю фарсуда.

Дар корти миллие, ки ман дастрас намудам, навишта шудааст: «Корти нақлиётии City Card-ро дар терминалҳои Express Pay пур кунед”. Чӣ тавр пур кунем, ки терминалҳояш фақат дар маркази пойтахт фаъоланд, аммо дар кўчаҳои канори шаҳр таги чангу хок пурнуқсон буда, аз хизматрасонӣ ба мусофирону муштариён «хаста» шудаанд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”