Ғарқшавӣ яке аз ҳодисаҳои мудҳиши табиӣ мебошад, ки боиси ҳалокати чандин одамон дар манотиқи гуногуни дунё мегардад. Ғарқшавӣ ин равандест, ки дар он шахс ба зери об меафтад, наметавонад мустақилона ба сатҳи об барояд, ки ин боиси норасоии оксиген ва дар ниҳоят, эҳтимолан, маргро ба бор меорад. Бо фаро расидани фасли тобистон дар ҳудуди Тоҷикистон тайи чанд сол аст, ки ҳолатҳои гирифтор шудан ба ин ҳодисаи нохуш зиёд мегардад.
Ғарқшавӣ яке аз сабабҳои маъмултарини марги тасодуфӣ мегардад. Ин ҳолат аксаран дар фасли тобистон ҳангоми оббозӣ ва истироҳати одамон дар назди обанбору дарёҳо ба амал меояд. Сабабҳои асосии ғарқ шудан ин шиноварӣ карда натавонистан, тарс ҳангоми афтидан дар об, дар ҳолати мастӣ қарор доштан, пай набурдани ҷараёнҳо ва гирдбодҳои хомӯши дарё, вазидани шамоли саҳт ҳангоми оббозӣ ва беназорат гузоштани кӯдакон мебошад. Ба таъкиди Ҷамшед Камолзода сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз оғози соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 86 ҳолати ғарқшавии аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 40 нафарро кӯдакону наврасони то 16 сола ва 46 нафари дигарро аз 17 сола боло ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки барои гирифтор нашудан ба ҳолатҳои ғарқшавӣ донистани чораҳои эҳтиётӣ хеле зарур аст. Аз ҷумла омӯзиши пурраи усулҳои шиноварӣ, маълумот доштан дар бораи хатарҳои имконпазири дарёҳо, омӯзиш додани кӯдакону наврасон бо паёмадҳои шиноварӣ дар обанбору дарёҳои тезоб ва аҳамият додан ба аломатҳои ишоратӣ дар мавзеҳои барои оббозӣ манъшуда мебошад. Ба гуфтаи Ҷамшед Камолзода сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамасола кумита ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, дар ҷойҳое ки оббозӣ кардан манъ аст лавҳаву аломатҳо мегузоранд ва дар маконҳое, ки кӯдакону наврасон бештар барои оббозӣ ҷамъ мешаванд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оҳоро аз хатарҳои ғарқшавӣ огоҳ месозанд.
Бояд гуфт, ки бо риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ ва аломатҳои огоҳӣ, донистани сабабҳо ва омилҳои ғарқшавӣ, инчунин расонидани кӯмаки аввалия ҳангоми ғарқшавӣ, мо метавонем ҳаёти худ ва дигаронро наҷот дода, шумораи ҳодисаҳои нохуши ғарйшавиро кам намоем.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”