ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ АЗ ОИЛА ВА БОҒЧА ОҒОЗ МЕЁБАД

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои қудратӣ бо мақсади дар замири насли наврасу ҷавон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, таҳкими ҳисси меҳанпарастӣ ва ташаккули тафаккури наврасону ҷавонон дар роҳи ҳифзи Ватан, шинохти арзишҳои милливу давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба насли калонсол ва садоқат ба Ватан дар миёни тарбиятгирандагону муррабиёни Муассисаи томактабии №20-и ноҳияи Фирдавсӣ мулоқоту вохӯрии судманд ташкил ва баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби афсарон вобаста ба таҳкиму болоравии ҳисси тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии кӯдакону наврасон иштирок ва суханронӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷояи таҳиягардида баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо минбаъда низ идома ёфта, дар ҳамаи муассисаҳои томактабӣ дар назар дошта шудааст.

М. Пардаев