“ИННОПРОМ-2024” ИДОМА ДОРАД

Тибқи маълумоти вазорати саноат ва технологияҳои нав – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром 2024», ки рӯзи 8 июл дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ифтитоҳ ёфт, ширкат дорад. Ин намоишгоҳ яке аз бузургтарин ва муҳимтарин майдончаи ҷаҳонӣ барои намоиши дастовардҳои саноатӣ ва барқарор кардани робитаҳои корӣ мебошад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир роҳбарӣ мекунанд.

Дар Павилони миллии саноатии Тоҷикистон 50 корхонаи пешқадами ватанӣ маҳсулоти хушсифат аз ҷумла кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ,  қаннодӣ ва технологияҳои инноватсиониро  ба намоиш гузоштаанд.

Таркиби намоишгоҳи Тоҷикистон маҳсулот ва технологияҳоеро дар бар мегирад, ки ба стандартҳои баландтарини байналмилалӣ ва талаботи бозори рақобатпазир ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будан аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.

Қобили зикр аст, ки ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар он дастовардҳои саноати ватанӣ намоиш дода мешаванд ва ҷалби сармояи хориҷӣ низ ҷараён дорад, ҷузъи муҳими лоиҳаи роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои олӣ мебошад. Ҳадафи стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар буда, дар нақша аст, то дар соли 2025-ум истеҳсоли саноатиро 2 баробар афзоиш диҳанд.

Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром 2024» дар Маркази намоишгоҳи Екатеринбург то 11 июл идома мекунад.

Шоистаи Аҳмад,

радиои “Тоҷикистон”