6 июли соли 2024 дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Свердловск вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба омода кардани мутахассисон табодули афкор намуданд. Ҳамзамон зимни суҳбат масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.
Пас аз анҷоми мулоқот бо ректор, суҳбати сафир бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон ва диаспораи Свердловск доир гардид.
Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз ҷумла аз ҷониби СММ эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ҳамчунин доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ маълумот дод.