МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД БА ШИНОВАРӢ БАЙНИ ҶАВОНОН ВА КАЛОНСОЛОН (ПИСАРОН ВА ДУХТАРОН) БАХШИДА БА “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ “

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе санаҳои 19 ва 20-уми июни соли 2024 чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба шиноварӣ байни ҷавонон ва калонсолон (писарон ва духтарон) бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар ҳавзи шиноварии Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии √4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Мақсади асосии чорабинии мазкур ин пеш аз ҳама ташвиқу тарғиби варзишӣ шиноварӣ дар шаҳри Душанбе, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии шиноварон, муайян ва интихоби намудани варзишгарони беҳтарин ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мебошад.

Дар маросими кушодашавии чемпионати болозикр Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ, мудири бахши варзиши шаҳри Душанбе Саидҷалол Саидов, муовини директори Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзиши”-и шаҳри Душанбе Аловуддини Аваз ва собиқадорони соҳаи варзиш иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар чемпионати зикргардида варзишгароне, ки ҷойҳои 1, 2, ва 3-юмро ишғол менамоянд, бо медал ва дипломи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

М. Пардаев