Имрӯз дар “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Тоҷикшиносӣ” зери унвони “Шоҳномаи Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ” баргузор гардид.
Дар он олимону донишмандон, дӯстдорони каломи бадеъ ва намояндагон аз сохторҳои марбута ширкат варзиданд.
Маҳфили “Тоҷикшиносӣ” бо сухани ифтитоҳии муовини директори Китобхонаи мазкур Салима Раҷабова оғоз гардида, мавсуф доир ба Маркази ” Тоҷикшиносӣ” суханронӣ намуданд.
Сипас, Давлатшоҳ Маҳмуд устоди ДДОТ атрофи китоби ” Шоҳнома” ва таҳкими андешаҳои миллӣ, шахсияти Абулқосим Фирдавсӣ, муҳтаво ва ҳадаф аз таълифи Шоҳнома суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар маҳфили Тоҷикшиносӣ” аз ҷониби дигар шоирону адибони барҷастаи кишвар маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа гардид, ки ин дар бедории маънавии милӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ хусусан барои ҷавонон нақши бориз хоҳад гузошт.
О. Шарипова,
Радиои Тоҷикистон