Имрӯз дар бинои Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” оғоз гардид. Дар ин давр аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе 348 нафар довталаб аз руи панҷ наминатсия иштирок карда, истеъдод ва маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
Пеш аз оғози озмун муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баромад карда, қайд намуд, ки сол то сол иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” зиёд гардида истодааст, ки ин аз оммавӣ гардидани озмуни мазкур дарак медиҳад. Аз ҷумла иштирокчиёни даври шаҳрии имсола нисбат ба соли гузашта 65 нафар зиёд аст.
Маврид ба зикр аст, ки имсол Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 3 785 000 (се миллиону ҳафтсаду ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намудааст, ки ин ҳолат иштирокчиёни озмунро ҳавасманд гардонидааст. Абубакр Отахонов аъзои ансабли бачагонаи “Шукуфаҳои пойтахт” мебошад. Ӯ бо рафиқонаш соли дуюм аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз руи наминатсияи навозандагӣ – жанри анъанавӣ иштирок намуд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мақсади иштирокаш дар озмун мустаҳкам намудани маҳорати навозандагиаш аз хурдсолӣ мебошад.
Иштирокчии дигари Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз руи наминатсияи навозандагӣ Ҳайдар Сангинов хатмкунандаи Муассисаи давлатии мактаб – интернати миёнаи махсуси санъат ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки нисбат ба навозандагӣ шавқи беандоза дорад ва мехоҳад, ки дар оянда ҳамчун скрипканавози касбӣ шинохта шавад.
Бояд гуфт, ки даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе то 25 июн давом мекунад. Ёдовар мешавем, ки барои ҳавасманд гардонидани даври шаҳрии озмун аз ҷониби МИҲД шаҳри Душанбе 1 миллиону 210 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Сарвинози Сайдалӣ, радиои “Тоҷикистон“