3 июни соли 2024 мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ С. Муҳриддин бо намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ А. Миттал баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои асосии фаъолияти UNODC, аз ҷумла рафти татбиқи лоиҳаҳо дар доираи Барномаи UNODC барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 баррасӣ гардиданд.
Роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, ба А.Миттал барои фаъолияташ ба ҳайси намояндаи минтақавии UNODC дар Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуд ва ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд.